EasyManua.ls Logo

Bosch DM-TP-50(80) - Тавсифи Техникӣ

Bosch DM-TP-50(80)
12 pages
To Next Page IconTo Next Page
To Next Page IconTo Next Page
To Previous Page IconTo Previous Page
To Previous Page IconTo Previous Page
Loading...
1 Модулҳои детекторҳои даркашандаи дуд
1.1 Мақсади истифода
Модулҳои детекторҳо ҳамчун қисми муайянкунӣ ва таҳлили дохили детекторҳои даркашандаи дуд истифода
бурда мешаванд.
Дастгоҳҳо навъҳои зеринро дар бар мегиранд:
DM-TP-50(80), DM-TP-10(25), DM-TP-01(05), DM-TT-50(80), DM-TT-10(25), DM-TT-10(25), DM-TT-01(05).
1.2 Тавсифи техникӣ
Ҳассосияти посух (сояафканиши зиёдтарин)
Модули детектори DM-TT-50(80)/DM-TP-50(80) 0,5 %/м (0,8 %/м)
Модули детектори DM-TT-10(25)/DM-TP-10(25) 0,1 %/м (0,25 %/м)
Модули детектори DM-TT-01(05)/DM-TP-01(05) 0,015 %/м (0,05 %/м)
1.3 Қоидаҳо ва талабот
Насб ва истифода
Насбкунӣ бояд танҳо аз тарафи кормандони таълимгирифта ва ботаҷриба гузаронида шавад.
Лутфан, қоидаҳои маҳаллии доир ба насбро риоя кунед.
Истифодаи дастгоҳҳо барои мақсадҳои шахсӣ, оилавӣ ё хонагӣ пешбинӣ нашудааст.
Маҳсулоти мазкур бо схемаҳои бехатари дорои волтажи фавқулпаст пешниҳод карда шуда, дар он волтажҳои
хатарнок ҳосил карда намешаванд. Бинобар ҳамин, чораҳои таъмини бехатарӣ лозим нестанд.
Баданаи детекторро эҳтиёткорона кушода, модули детекторро ба дохили он гузоред. Модули детекторро бо
истифодаи сими наворшакл ба пайвандаки модартахта пайваст кунед.
Танзимоти модули детектор тавассути нармафзори RPS тағйир дода мешаванд. Калидакҳои DIP-и рӯи модули
детектор ягон вазифаеро иҷро намекунанд.
Нисбати истифодаи дастгоҳҳои мазкур дар мавзеъҳои тиҷорӣ ё саноатӣ ягон маҳдудият надорад.
Бурдарасонӣ ва фурӯш
Маҳсул бояд танҳо дар муқоваи аслии худ кашонда шавад.
Ҳангоми кашондан эҳтиёт бошед ва ба зарбаву такониш роҳ надиҳед.
Муқова ё худи дастгоҳ набояд ягон тариқ хароб карда шаванд.
Ҳангоми кашондан аз ҳароратҳои ниҳоӣ эҳтиёт кунед.
Маҳсулот барои фурӯш ба шахсони инфиродӣ пешбинӣ нашудааст – танҳо барои шахсони таълимгирифта
ва ботаҷриба.
Маҳсулот набояд барои мақсадҳои шахсӣ, хонагӣ ё ягон мақсади дигари ғайритиҷорӣ истифода бурда
шавад.
Нигоҳдорӣ
Рутубати нисбии иҷозатшуда (бе конденсатсия) 10 то 95 %
Давомнокии зиёдтарини нигоҳдорӣ > 2 сол
F.01U.317.524 Bosch Sicherheitssysteme GmbH
2015.11 | version 1.0 | 11

Related product manuals