1 Детекторҳои худкори одатии сӯхтор FCH-T320/FCP-O320/FCP-OC320/FCP-OT320
1.1 Мақсади истифода
Дастгоҳҳо барои муайян ва нишон додани сӯхторҳои хатарнок ихтироъ ва истеҳсол шудаанд. Силсилаи
дастгоҳҳо версияҳои яксенсорӣ ва чандсенсорӣ барои технологияи одатӣ бо резистори 820 Оми бонги хатар
дар бар мегирад.
1.2 Тавсифи техникӣ
Волтажи корӣ 8,5 В DC то 30 В DC
Истеъмоли ҷараён < 0,12 мА
Бароварди бонги хатар Зиёдшавии ҷараён (муқовимати бонги хатар 820 Ом)
Бароварди нишондиҳанда Коллектори кушод дар мавриди ба амал омадани бонги хатар тавассути
3,92 кОм 0 В пайваст мекунад
Андозаҳо бе база/бо база Ø 99,5 x 52 мм/Ø 120 x 63,5 мм
Вазн Бе/Бо муқова
– FCP-OC320 Тахминан 85 г/тахминан 130 г
– FCP-OT320/FCP-O320/FCH-T320 Тахминан 80 г/тахминан 120 г
1.3 Қоидаҳо ва талабот
Насб ва истифода
Насбкунӣ бояд танҳо аз тарафи кормандони таълимгирифта ва ботаҷриба гузаронида шавад.
Лутфан, қоидаҳои маҳаллии доир ба насбро риоя кунед. Истифодаи дастгоҳҳо барои мақсадҳои
шахсӣ, оилавӣ ё хонагӣ пешбинӣ нашудааст.
Маҳсулоти мазкур бо схемаҳои бехатари дорои волтажи фавқулпаст пешниҳод карда шуда, дар он волтажҳои
хатарнок ҳосил карда намешаванд. Бинобар ҳамин, чораҳои таъмини бехатарӣ лозим нестанд.
Контури детектор, ки якчанд детекторро дар бар мегирад, ба интерфейсе пайваст карда мешавад, ки
пайвастро ба контроллёри панел таъмин мекунад.
Интерфейси мазкур детекторро бо нерӯ таъмин мекунад. Тавассути интерфейси мазкур инчунин интиқоли
иттилоот, ба мисли паёмҳо оиди бонги хатар ё носозӣ, амалӣ гардонида шудааст.
Ба ҷараёни асосии электрик пайваст вуҷуд надорад.
Барои маҳсулотро дар мавриди истифода қарор додан:
– Хусусиятҳо ва конфигуратсияи лозимро бо истифодаи нармафзори танзимкунии дурдасти RPS танзим
кунед.
– Детекторро ба базаи детекторҳо пайваст кунед.
Нисбати истифодаи дастгоҳҳои мазкур дар мавзеъҳои тиҷорӣ ё саноатӣ ягон маҳдудият надорад. Диапазони
ҳароратие, ки дар ҷадвали зерин муайян карда шудааст, бояд риоя карда шавад.
F.01U.317.510 Bosch Sicherheitssysteme GmbH
2015.10 | version 1.0 | 13