Тоҷикӣ
464
Тоҷикӣ
Мундариҷа
Муҳим ___________________________________________________________________________________ 464
Истифодаи дубора _______________________________________________________________________ 466
Кафолат ва дастгирӣ _____________________________________________________________________ 466
Муқаддима ______________________________________________________________________________ 467
Шарҳи умумӣ ____________________________________________________________________________ 467
Пеш аз истифодаи аввал _________________________________________________________________ 467
Омодагии пеш аз истифодаи аввал _______________________________________________________ 467
Истифодаи дастгоҳ _______________________________________________________________________ 468
Тозакунӣ _________________________________________________________________________________ 474
Захира ___________________________________________________________________________________ 476
Дарёфти мушкилот ______________________________________________________________________ 476
Муҳим
Пеш аз истифода бурдани дастгоҳ ин маълумоти муҳимро бодиққат хонед
ва барои истинод дар оянда захира кунед.
Хатар
-
Дастгоҳро дар болои плитаи гази гарм ё ҳар гуна плитаи барқӣ ва
табақҳои барқи пухтупаз ё дар танӯри тафсон нагузоред.
-
Дастгоҳро ба об ғарқ накунед ва дар зери оби равон нашӯед.
-
Барои пешгирии зарбаи барқ ба дастгоҳ ҳеҷ гуна об ё дигар моеъро
нагузоред.
-
Ҳамеша қисмҳои таркибии пухташударо дар тоба гузоред, то онҳо бо
унсурҳои гармидиҳанда тамос нагиранд.
-
Ҳангоми кор кардани дастгоҳ сӯрохиҳои даромад ва баромади ҳаворо
напӯшонед.
-
Тобаро бо равған пур накунед, зеро ин метавонад боиси сӯхтор гардад.
-
Агар васлак, сими барқӣ ё худи дастгоҳ осеб дида бошад, дастгоҳро
истифода набаред.
-
Ҳангоми кор кардан ҳеҷ гоҳ ба дохили дастгоҳ даст нарасонед.
-
Ҳеҷ гоҳ ба тоба миқдори хӯрокро, ки аз ҳадди ниҳоии дар тоба нишон
дода шуда зиёд аст, илова накунед.
-
Ҳамеша боварӣ ҳосил кунед, ки гармкунак озод аст ва ҳеҷ хӯрок дар он
намемонад.
Огоҳӣ
-
Агар сими барқӣ хароб шуда бошад, барои пешгирӣ аз хатар онро бояд
Philips, агенти хидматрасони он ё шахсони ба ин монанди тахассусдор
иваз кунанд.
-
Дастгоҳро танҳо ба васлаки заминӣ пайваст кунед, то ки бо васлаки
худкори ихроҷи замин ҳифз шудааст.
-
Ҳамеша боварӣ ҳосил кунед, ки сими барқ ба васлаки деворӣ дуруст
ҷойгир карда шудааст.
-
Ин дастгоҳ бо истифода аз вақтсанҷи беруна ё системаи алоҳидаи
идоракунии фосилавӣ пешбинӣ нашудааст.
465 / 557 464 / 555 465 / 557