719
Тоҷикӣ
3 Нишондиҳандаи шиддат
4 Тугмаи реҷа/шиддат
5 Нишондиҳандаи реҷа
6 Ёдраси ивазкунии сараки чӯтка
7 Нишондиҳандаи заряди батарея
8 Ҳалқаи рӯшноӣ
Лавозимот:
9 Сарпӯши сараки чӯтка
10 Сарак(ҳо)-и чӯткаи оқил
11 Аломати «BrushSync»
12 Барқпуркунандаи USB (адаптери деворӣ дохил нест)
13 Қуттии сафар
14 Қуттии сафари барқпуркунанда
15 Сими USB
Шарҳ: Лавозимотҳои дохилшуда метавонанд вобаста ба модели
харидшуда фарқ кунанд.
Барномаи «Sonicare» – Оғози кор
Барномаи Sonicare бо чӯткаи дандоншӯии Шумо ҷуфт мешавад, то ба
Шумо пайвастшавиро бо шабака пешкаш кунад. Бо пайваст кардани
чӯткаи дандоншӯии худ ба барномаи Sonicare, Шумо метавонед:
- Пешравии дандоншӯии худро пайгирӣ кунед
- Маслиҳатҳо ва тавсияҳои амалиро барои беҳтаркунии саломатии
даҳони худ гиред
- Ба фоидаҳои ҳаматарафа дастрасӣ пайдо кунед ва навигариҳои
ҳозиразамонро ба даст оред
Барнома бо доираи васеи телефонҳои мобилӣ мувофиқ аст.
Истифодаи барномаи Sonicare-ро оғоз кунед:
1
Барномаи Sonicare -ро ба телефони худ зеркашӣ кунед.
2
Боварӣ ҳосил кунед, ки Bluetooth-и телефони Шумо фаъол аст.
3
Чӯткаи дандоншӯии худро бигиред, то боварӣ ҳосил кунед, ки он
фаъол аст (чароғҳо фурӯзон).
4
Барномаро кушоед ва қадамҳоро иҷро кунед.
5
Чӯткаи дандоншӯии худро бо барнома пайваст кунед.
6
Ҳисоби худро тавассути барнома эҷод кунед. Барои дастрасӣ ба
беҳбудиҳо ва хусусиятҳои охирин, навсозии пурраи нармафзори
миёнаравӣ гузаронед, агар дархост карда шавад.