727
Тоҷикӣ
Шарҳ: Барои натиҷаи беҳтарин шиддати баландро тавсия медиҳем.
Барои ба таври дастӣ интихоб кардани шиддати дилхоҳ тугмаи
реҷа/шиддатро ҳангоми фаъол будани чӯтка пахш кунед ва аз имконот
истифода баред. Танзимоти шиддат танҳо ҳангоми фаъол будани чӯтка
тағйир дода шуданаш мумкин аст.
BrushSync технология
Технологияи «BrushSync» ба сараки чӯткаи дандоншӯии шумо имкон
медиҳад, ки бо дастаки он бо истифода аз микрочип муошират кунад.
Тамғаи дар таги сараки чӯтка нишон медиҳад, ки сараки чӯтка дорои ин
технология мебошад.
Технология «BrushSync» зеринро фаъол месозад:
- Ёдраси ивазкунии сараки чӯтка
- Ҷуфткунӣ дар реҷаи «BrushSync»
«Philips Sonicare» интихоби васеи саракҳои чӯткаи ҳушмандро пешниҳод
мекунад, ки бо технологияи «BrushSync» муҷаҳҳаз шудаанд. Барои
гирифтани маълумоти муфассал оид ба интихоби васеи саракҳои чӯткаи
дандоншӯӣ ва ба даст овардани сараки чӯткаи беҳтарини худ, ба сомонаи
www.philips.com/toothbrush-heads ворид шавед.
Хусусиятҳо
- Аксуламали эҳсосгари шиддат
- BrushPacer
- SmarTimer
- EasyStart
- Ёдраси ивазкунии сараки чӯтка
- Ҷуфткунӣ дар реҷаи сараки тозакунанда