513
Тоҷикӣ
Хусусиятҳо
- Шиддатҳо
- EasyStart
- Ёдраскуниҳои иваз кардани сараки чӯтка
- Сенсори фишор
- Quadpacer
- SmarTimer
Шиддатҳо
Чӯткаи дандоншӯии электрикии шумо имкон
медиҳад, ки тавонед танзимро байни шиддати паст ва
баланд интихоб намоед.
Шарҳ: Вақте ки шумо чӯткаи дандоншӯиро бори аввал
истифода мебаред, танзими пешфарз шиддати
пастро истифода мебарад.
- Барои фаъол кардани чӯткаи дандоншӯӣ тугмаи
фаъолсозиро як маротиба пахш кунед.
- Барои иваз кардани шиддат, тугмаро маротибаи
дуюм дар муддати 2 сония пахш кунед.
- Барои таваққуф кардани чӯтка, тугмаро маротибаи
сеюм дар муддати 2 сония пахш кунед.
Пас аз 2 сонияи дандоншӯӣ, пахшкунии дубораи
тугмаи фаъолсозӣ чӯткаи дандоншӯиро инчунин
таваққуф мекунад.
EasyStart
Ин намунаи чӯткаи дандоншӯии «Philips Sonicare» бо
хусусияти «EasyStart»-и фаъолшуда таъмин карда
мешавад. Хусусияти «EasyStart» пас аз 14 дандоншӯии
аввал қувваи чӯткаро оҳиста зиёд мекунад, то ки
шумо тавонед дандоншӯиро бо чӯткаи «Philips
Sonicare» одат кунед.
Барои ғайрифаъол кардани «EasyStart», ба «Фаъол ё
ғайрифаъол кардани хусусиятҳо» нигаред.
Ёдраскуниҳои иваз кардани сараки чӯтка
Чӯткаи дандоншӯии «Philips Sonicare»-и шумо дорои
технологияи «BrushSync» мебошад, ки сатҳи
фарсудашавии сараки чӯткаи шуморо пайгирӣ
мекунад.