EasyManua.ls Logo

Philips Sonicare 3100 Series - Quadpacer; SmarTimer; Фаъол ё ғайрифаъол кардани хусусиятҳо; EasyStart

Philips Sonicare 3100 Series
608 pages
To Next Page IconTo Next Page
To Next Page IconTo Next Page
To Previous Page IconTo Previous Page
To Previous Page IconTo Previous Page
Loading...
515
Тоҷикӣ
Quadpacer
2
4
3
1
«QuadPacer» - замoнcанҷи фocила мебошад, ки садои
кӯтоҳ медиҳад ва таваққуф карда, ёдоварӣ мекунад,
ки 4 қисми даҳони шумо бояд мунтазам ва
ҳамаҷониба дандоншӯӣ карда шавад. Ин чӯткаи
дандоншӯии «Philips Sonicare» бо хусусияти
«QuadPacer»-и фаъолшуда таъмин карда мешавад.
SmarTimer
«SmarTimer» чӯткаи дандоншӯиро ба таври худкор дар
анҷоми ҳар як давраи дандоншӯӣ хомӯш карда,
нишон медиҳад, ки давраи дандоншӯии шумо ба
анҷом расид.
Дандонпизишкон тавсия медиҳанд, ки шумо бояд на
кам аз 2 дақиқа ду маротиба дар як рӯз дандоншӯӣ
кунед.
Шарҳ: Агар шумо тугмаи фаъол/хомӯшро пас аз оғози
давраи дандоншӯӣ пахш кунед, чӯткаи дандоншӯӣ
таваққуф карда мешавад. Паз аз 30 сония «SmarTimer»
аз нав танзим карда мешавад.
Фаъол ё ғайрифаъол кардани хусусиятҳо
Шумо метавонед хусусиятҳои зерини чӯткаи
дандоншӯии худро фаъол ё ғайрифаъол кунед:
- EasyStart
- Ёдраскуниҳои иваз кардани сараки чӯтка
- Сенсори фишор
Барои фаъол ё ғайрифаъол кардани ин хусусиятҳо,
дастурҳои зеринро иҷро кунед:
EasyStart
1
Дастакро дар барқпуркунандаи васлшуда ба
барқваслак ҷойгир кунед.
2
Ҳангоме, ки дастак дар барқпуркунанда васлшуда
бошад, тугмаи фаъол/хомӯшро пахш карда, доред.
3
То пайдо шудани садои кӯтоҳи яккарата (пас аз 3
сония), тугмаи фаъол/хомӯш кардани чӯткаро
пахш карда, доред.
4
Тугмаи фаъол/хомӯшро озод кунед.

Table of Contents

Related product manuals