EasyManua.ls Logo

Philips sonicare 5500 - Ёдраси ивазкунии сараки чӯтка; Ҷуфткунӣ дар реҷаи сараки тозакунанда

Philips sonicare 5500
755 pages
Print Icon
To Next Page IconTo Next Page
To Next Page IconTo Next Page
To Previous Page IconTo Previous Page
To Previous Page IconTo Previous Page
Loading...
640
Тоҷикӣ
Ёдраси ивазкунии сараки чӯтка
Чӯткаи дандоншӯии «Philips Sonicare»-и шумо дорои технологияи
«BrushSync» мебошад, ки сатҳи фарсудашавии сараки чӯткаи шуморо
пайгирӣ мекунад.
Тавзеҳ: Ин хусусият танҳо бо саракҳои чӯткаи оқилонаи Philips Sonicare бо
технологияи BrushSync кор мекунад.
1
Вақте ки шумо сараки чӯткаро бори аввал васл мекунед, дастак муайян
мекунад, ки шумо сараки дандоншӯии «Philips»-ро бо технологияи
«BrushSync» илова кардед ва аз он вақт дастак пайгирии
фарсудашавии сараки чӯткаи шуморо оғоз мекунад.
2
Бо мурури замон, дар асоси фишоре, ки шумо ҳангоми дандоншӯӣ
татбиқ мекунед ва миқдори вақте, ки шумо сараки чӯткаро истифода
мебаред, дастак фарсудашавии сараки чӯткаро пайгирӣ мекунад, ва
вақти беҳинро барои иваз кардани сараки чӯткаи шумо муайян
мекунад. Ин хусусият барои натиҷаи беҳтарини дандоншӯӣ ва
нигоҳубини дандонҳои шумо кафолат медиҳад.
3
Вақте ки нишондиҳандаи ёдраси ивазкунии саракаи чӯтка бо ранги
зард дурахш мезанад, шумо бояд сараки чӯткаро иваз намоед.
Шарҳ: Ҳама саракҳои чӯткаи оқилона бо хусусияти ёдраскуниҳои
ивазкунии сараки чӯтка фаъол карда мешаванд. Барои ғайрифаъол
кардани ёдраскуниҳои ивазкунии сараки чӯтка ба "Фаъол ё ғайрифаъол
кардани хусусиятҳо" нигаред.
Ҷуфткунӣ дар реҷаи сараки тозакунанда
Саракҳои чӯтка бо технологияи BrushSync бо микрочип таъмин шудаанд,
ки бо дастак тамос мегирад ва ба таври худкор онро бо реҷа ва шиддати
тавсияшаванда ҷуфт мекунад. Аксари саракҳои чӯткаи дорои технологияи
«BrushSync» ба реҷаи «Clean» ба таври худкор танзим мешаванд. Саракҳои
чӯткаи дорои бартариҳои махсус ба реҷаҳои муносиб (ба қадри имкон)
танзим карда мешаванд, барои мисол:
- W3 Premium White ё ки W DiamondClean (NAM) / W OptimalClean
(ROW): Реҷаи "White" (ҳангоми дастрасӣ)

Table of Contents

Related product manuals