645
Тоҷикӣ
Шарҳ: Барои ҳамеша нигоҳ доштани батарея бо заряди пурра, шумо
метавонед чӯткаи дандоншӯиро ҳангоми истифоданабарӣ дар
пуркунандаи барқ нигоҳ доред.
Тозакунӣ
Дастаки чуткаи дандоншӯӣ
1
Сараки чӯткаро ҷудо кунед ва минтақаи наварди филизӣ ва тугмаҳоро
бо оби гарм шӯед. Боварӣ ҳосил кунед, ки ҳама гуна хамираи
дандоншикании боқимондаро дар даста ва атрофи тугмаҳо ҳадди
аққал як маротиба дар як ҳафта, беҳтараш пас аз ҳар истифода тоза
кунед.
Огоҳӣ: Ба сатҳи резинӣ дар наварди металлӣ ё ки тугмаҳои атроф
бо чизҳои тез зер накунед, зеро ки ин метавонад онро вайрон
кунад.
2
Тамоми сатҳи дастакро бо матои нам тоза кунед.
Шарҳ: Барои тоза кардани оби зиёдатӣ, дастаки чӯткаро ба қубури
дастшӯӣ назанед.
3
Дастакро бо дастмол ё матоъ хушк кунед.
Сараки чӯтка
1
Пас аз ҳар истифода сараки чӯтка ва лифи чӯткаро бо бо шӯед.
2
Сараки чӯткаро аз дастак ҷудо кунед ва пайвасти сараки чӯткаро
ақаллан як бор ҳар ҳафта бо об шӯед. Қуттии сафарро ба қадри зарурӣ
озодона бо об шӯед ва бо ҳаво хушк кунед. Танҳо аз сараки хушки
чӯтка истифода баред.