EasyManua.ls Logo

Philips Sonicare DiamondClean Smart 9400 - Шароити нигоҳдорӣ ва боркашонӣ; Майдонҳои электромагнитӣ (EMF); Дастури Таъминоти Радио

Philips Sonicare DiamondClean Smart 9400
816 pages
To Next Page IconTo Next Page
To Next Page IconTo Next Page
To Previous Page IconTo Previous Page
To Previous Page IconTo Previous Page
Loading...
679
Тоҷикӣ
- Дастгоҳи мазкур дорои батареяҳо мебошад, ки
иваз карда намешаванд. Вақте ки муҳлати кори
батарея ба анҷом мерасад, дастгоҳ бояд ба таври
муносиб аз истифода бароварда шавад, ба
қисмати «Истифодаи партовҳо» нигаред.
- Вақте ки батареяҳо вайронанд ё мечаканд, онҳоро
аз пӯст ё чашмҳо дур нигоҳ доред. Агар ба чашм ё
пӯст расад, бо об шӯед ва ба табиб муроҷиат
намоед.
- Вақте ки шумо бо батареяҳо кор мекунед, мутмаин
шавед, ки дасти шумо, маҳсул ва батареяҳо хушк
мебошанд.
- Барои пешгирӣ кардани расиши кӯтоҳи батареяҳо
пас аз баровардани онҳо аз таҷҳизот, нуқтаҳои
васли батарея бояд бо объекти металлӣ пайваст
карда нашаванд (масалан, тангаҳо, сархораҳо,
ангуштаринҳо). Батареяҳоро ба варақаи алюминӣ
напечонед. Нуқтаҳои васли батареяҳоро бо скотч
маҳкам кунед ва онҳоро пеш аз партофтан ба
халтаи пластикӣ бимонед.
- Маҳсулро дар ҳарорати байни 0 °C ва 40 °C заряд
кунед ва истифода баред.
Шароити нигоҳдорӣ ва боркашонӣ
Ҳарорат аз -10°C то 60°C.
Майдонҳои электромагнитӣ (EMF)
Ин таҷҳизоти Philips ба ҳамаи стандартҳо ва санадҳои
меъёрии марбут ба нуфузи майдонҳои
электромагнитӣ мутобиқат мекунад.
Дастури Таъминоти Радио
Ҳамин тариқ, Philips эълон мекунад, ки чуткаҳои
дандоншӯии барқӣ бо навъи таҷҳизоти радиоӣ
(Bluetooth, NFC) таъмин шуда, ба Дастури 2014/53/EU
мувофиқат мекунанд.
- Интерфейси радиобасомади Bluetooth дар
маҳсулоти мувофиқ дар 2,4 GHz кор мекунад.
- Қувваи барориши ҳадди аксари таҷҳизоти
Bluetooth ба 3 dBm баробар аст.
- Интерфейси радиобасомади NFC дар маҳсулоти
мувофиқ дар 13,56 MHz кор мекунад.

Table of Contents

Related product manuals