689
Тоҷикӣ
ба реҷаҳои муносиб (ба қадри имкон) танзим карда
мешаванд, барои мисол:
- G3 Premium Gum Care: Реҷаи Gum Health
- W3 Premium White: Реҷаи White+
- TongueCare+: Реҷаи Tongue Care
Шарҳ: Агар шумо реҷа/шиддатро аз рӯи танзимоти
тавсияшуда иваз кунед, сараки чӯтка интихоби
шуморо барои ҷаласаи дандоншӯии оянда дар хотир
медорад.
EasyStart
Ин намунаи чӯткаи дандоншӯии «Philips Sonicare» бо
хусусияти «EasyStart»-и ғайрифаъолшуда таъмин
карда мешавад. Барои фаъол кардани EasyStart
(«Фаъол ё ғайрифаъол кардани хусусиятҳо»-).
Хусусияти «EasyStart» пас аз 14 дандоншӯии аввал
қувваи чӯткаро оҳиста зиёд мекунад, то ки шумо
тавонед дандоншӯиро бо чӯткаи «Philips Sonicare»
одат кунед.
Хусусияти EasyStart бо ҳама реҷаҳо кор мекунад.
Раддия
Вақте ки чӯткаи дандоншӯии «Philips Sonicare» дар
таҳқиқоти клиникӣ истифода мешавад, он бояд дар
реҷаи Clean бо шиддати баланд истифода шавад ва
дастаки чӯтка бояд дорои заряди пурра бошад ва
хусусияти «EasyStart» хомӯш шуда бошад.
Ёдраси ивазкунии сараки чӯтка
Чӯткаи дандоншӯии «Philips Sonicare»-и шумо дорои
технологияи «BrushSync» мебошад, ки сатҳи
фарсудашавии сараки чӯткаи шуморо пайгирӣ
мекунад.
Тавзеҳ: Ин хусусият танҳо бо саракҳои чӯткаи
оқилонаи Philips Sonicare бо технологияи BrushSync
кор мекунад.
1
Вақте ки шумо сараки чӯткаро бори аввал васл
мекунед, дастак муайян мекунад, ки шумо сараки
дандоншӯии «Philips»-ро бо технологияи
«BrushSync» илова кардед ва аз он вақт дастак
пайгирии фарсудашавии сараки чӯткаи шуморо
оғоз мекунад.