688
Тоҷикӣ
Аксуламали эҳсосгари шиддат
Чӯткаи дандоншӯии «Sonicare»-и шумо фишореро, ки
шумо ҳангоми дандоншӯӣ татбиқ мекунед, чен
мекунад, то милкҳо ва дандонҳои шуморо аз
зараррасонӣ пешгирӣ кунад.
Агар шумо аз ҳад зиёд фишор диҳед, дастак
ларзишашро иваз мекунад ва чароғи аксуламали
дандоншӯӣ дар поёни дастак то вақте ки шумо камтар
фишор диҳед, бо ранги лоҷувард дурахш мекунад.
Шарҳ: Маҳсули шумо бо эҳсосгари шиддати
фаъолшуда таъмин карда мешавад. Барои
ғайрифаъол кардани ин хусусият («Фаъол ё
ғайрифаъол кардани хусусиятҳо»-).
BrushPacer
«BrushPacer» вақтсанҷи фосилавӣ мебошад, ки ба
шумо кумак мекунад, то даҳони худро ба 6 қисм
тақсим карда, мунтазам тоза намоед.. («Дастурҳои
тозакунӣ»-)
SmarTimer
«SmarTimer» чӯткаи дандоншӯиро ба таври худкор дар
анҷоми ҳар як давраи дандоншӯӣ хомӯш карда,
нишон медиҳад, ки давраи дандоншӯии шумо ба
анҷом расид.
Дандонпизишкон тавсия медиҳанд, ки шумо бояд на
кам аз 2 дақиқа ду маротиба дар як рӯз дандоншӯӣ
кунед.
Тавзеҳ: Агар шумо тугмаи фаъол/хомӯшро пас аз
оғози давраи дандоншӯӣ пахш кунед, чӯткаи
дандоншӯӣ таваққуф мешавад. Паз аз 30 сония
«SmarTimer» аз нав танзим карда мешавад.
Ҷуфткунӣ дар реҷаи сараки тозакунанда
Саракҳои чӯтка бо технологияи BrushSync бо
микрочип таъмин шудаанд, ки бо дастак тамос
мегирад ва ба таври худкор онро бо реҷа ва шиддати
тавсияшаванда ҷуфт мекунад.
Аксари саракҳои чӯткаи дорои технологияи
«BrushSync» ба реҷаи «Clean» ба таври худкор танзим
мешаванд. Саракҳои чӯткаи дорои бартариҳои махсус