692
Тоҷикӣ
мекунед, чӯткаи дандоншӯиро ба реҷаи таваққуф
мемонед ё онро бо барқ пур мекунед,
нишондиҳандаи сатҳи заряди батарея вазъияти
батареяро нишон медиҳад.
Шарҳ: Пеш аз истифодаи бори аввал, барои комилан
бо барқ пур кардани батарея ин метавонад то 24 соат
вақтро гирад, аммо шумо метавонед чӯткаи
дандоншӯии «Philips Sonicare»-ро то анҷоми
зарядгирии пурра истифода баред.
Барқпуркунӣ
Барқпуркунӣ дар пойгоҳи барқпуркунанда
1
Сими пойгоҳи пуркунандаи барқро ба васлаки
барқ пайваст кунед.
2
Такягоҳи барқпуркунанда ё шишаи
барқпуркунандаро дар пойгоҳи барқгирӣ ҷойгир
кунед.
3
Дастакро дар такягоҳи барқпуркунанда ё дар
шишаи барқпуркунанда ҷойгир кунед.
- Чароғаки нишондиҳандаи сатҳи батарея ва
ҳалқаи рӯшноӣ бо ранги сафед дурахш мекунад
ва дастак ду маротиба садо медиҳад. Ин нишон
медиҳад, ки чӯткаи дандоншӯӣ пуркунии
барқро оғоз кард.
4
Барқпуркунанда чӯткаи дандоншӯии Шуморо то
пурра барқ гирифтан нигоҳ медорад.
- Вақте ки нишондиҳандаи батарея бо ранги сафед
дурахш мезанад, ин маънои онро дорад, ки дастак
бо барқ пур шуда истодааст. Вақте ки, дастак бо
барқ пур мешавад, нишондиҳандаи батарея 30
сония бо ранги сафед фурӯзон мешавад ва сипас
хомӯш мешавад.
Барқпуркунӣ бо қуттии сафар
Шарҳ: Лавозимотҳои дохилшуда метавонанд вобаста
ба модели харидшуда фарқ кунанд.
1
Сими USB-ро аз поёни қуттии сафар барои
барқпуркунӣ гиред.
2
Қуттии сафари барқпуркуниро ба адаптери 5V DC
бо истифодаи сими USB пайваст кунед: