682
Тоҷикӣ
Барои ҳамоҳангсозии дастӣ: Ҳар ду ҳафта чӯткаи
дандоншӯии худро бо барнома ҷуфт/пайваст кунед,
то аз хусусиятҳо/қобилиятҳои барнома баҳра баред.
Барои ҳамоҳангсозии худкор: Ҳангоми танзимкунии
барнома ба муайянкунии ҷойгиршавӣ иҷозат диҳед.
Агар шумо ба муайянкунии ҷойгиршавӣ иҷозат диҳед,
телефони шумо маълумот мегирад, ки чӯткаи
дандоншӯии шумо дар ҳудуди қобили пайваст
мебошад ва метавонад маълумоти дандошӯии
шуморо дар барнома нав карда, ба шумо оид ба
тавсияҳо ва маслиҳатҳои навтарин хабар диҳад.
Тавзеҳ: Мутмаин шавед, ки ҳангоми истифодаи
барнома вазифаи Bluetooth дар телефони шумо
фаъол аст, то ки чӯткаи дандоншӯӣ тавонад
маълумоти дандоншӯии шуморо ба барнома интиқод
диҳад ва нав кунад. Агар Шумо саволе дошта бошед,
ки чаро маълумоти тозакунии Шумо ҷамъоварӣ
мешавад, боварӣ ҳосил кунед, ки Изҳороти махфияти
Sonicare-ро, ки дар тамоми раванди насби барнома
дастрас аст, аз назар гузаронед.
Хусусиятҳои барнома
Чӯткаи дандоншӯии барқии Sonicare бо сенсорҳои
оқилона таъмин шудааст, то ба Шумо дар бораи
одатҳои шустушӯии Шумо маълумот пешниҳод кунад,
аз ҷумла:
- Сеансҳои тозакунии ҳаррӯза
- Вақти сарфшуда дар ҳар як сессияи тозакунӣ
- Фишори шустушӯй татбиқ карда мешавад
- Маслиҳатҳои шахсӣ ва тавсияҳои таҷрибавӣ
- Ёдраскуниҳои ивазкунии сараки чӯтка (дар асоси
истифодаи воқеӣ)
Барномаи Sonicare маълумоти аз ҷониби сенсорҳои
оқилона пешниҳодшударо ҷамъоварӣ мекунад ва
одатҳои тозакунии Шуморо бо мурури замон пайгирӣ
мекунад.